Дар феҳрасти имейлҳо обуна шавед
انتقينا لك
Ҳоҷи Мирзо дар ин навор дар бораи зиндагонии ҳазрати Абубакри Сиддиқ (Худо аз У рози бод) суҳбат мекунад.
Ва бояд зикр кард ки ин аввалин халифаи мусалмонон мебошад, ва шахсест ки Паёмбари ислом аз пушташ намоз хондааст, ва бисёр фазлу бузургии зиёде бар уммат дорад.
Инчунин дар ин навор зикр мекунад ки баъзе мардум аз ин саҳобии киром ирод гирифтанд ва уро таънаву дошном додаанд; Ҳоҷи Мирзо сухани онҳоро рад карда ва ботил будани суханони онҳоро баён мекунад.
Эшони Нуруддин дар ин навор дар бораи ҳиҷрати Расули Акрам ба суи Мадинаи Мунаввара суҳбат мекунад, ва дар бораи он машаққатҳое ки расули Худо бо ҳамроҳии Абубакри Сиддиқ рубару шуда буданд дар ин ҳиҷрати торихи зикр мекунад.
Шайх Хайршоҳ дар ин навор дар бораи ҳиҷоб ва бояд ҳиҷоб чигуна бошад ва ҳукми он дар ислом чист, ва баъзе оятҳову ҳадисҳое зикр мекунад ки Худованд тамоми занони мусалмонро амр ба ҳичоб карда аст.
Ҳочи Мирзо дар ин навор дар бораи намоз ва фазилатҳои он суҳбат мекунад, ва барои бенамозон чи гуна азобҳо интизор аст дар рузи қиёмат баён мекунад
Эшони Нуруддин дар ин навор дар бораи фазилати моҳи рамазон, ва рузҳое ки дар ин моҳ мебошад, ва дар бораи вақти ифтор кардан ва чигуна ва бо чи бояд ифтор кард баён мекунад, ва ин чунин дар бораи саҳари хурдан суҳбат мекунад.
Дар моҳи Рамазон шабе ҳаст бо номи шаби Қадр, ки дар назди Худованд аз ҳазор моҳ беҳтар ва боарзиштар аст. Шабе, ки дар миёни осмону замин ва башарият бо олами улвӣ ва фариштагон робитаи бевоситае барқарор гардид ва Қуръони карим бар қалби поки ҳазрати Муҳаммад (с) нозил гардид. Шабе, ки ҷаҳони ҳастӣ бо шодмонии нотакроре онро пешвоз гирифт ва ҳодисаеро бо он азамат ва шукўҳ ҳаргиз надида буд. Дар он шаб нузули Қуръон бар дили поки охирин паёмбари Худо оғоз гардид.
Дар ривоятҳо омадааст, ки Расули Худо (с) мардумро ба қиёми шабҳои моҳи Рамазон бо баёни аҷру савоби он ҳавасманд мегардонд, вале онҳоро ба таври ҳатмӣ ва муаккад ба он амр намекард. Аз ҷумла, он Ҳазрат (с) мегуфт: «Касе шабҳои моҳи Рамазонро аз рўи имон ва ба умеди аҷру савоб барпо дорад, тамоми гуноҳони (хурди) гузаштааш бахшида мешаванд».Саҳеҳи Бухорӣ, 37, 2008, 2009.
Дар ин мақола нависанда дар бораи намози тарових ва чанд ракаат аст баён мекунад
Мусалмонони садри аввали ислом аз саҳобаи киром ва тобиъин (р) ба моҳи рамазон эҳтимоми хос медоданд, аз Худованд мехостанд, ки онҳоро то моҳи рамазон зинда нигаҳ дорад то ин ки битавонанд ин моҳи пурфайзро руза бигиранд, ва бо қудуми рамазон хушҳол мешуданд, рузҳои онро руза ва шабҳояшро бо намози шаб ва тиловати Қуръон зинда нигаҳ медоштанд, ва дар ин моҳ бо анҷоми анвоъи ибодатҳо нафси худро покиза ва пок менамуданд.
Хоҳари муъмин ва мусалмон! Занони сабур ва шуҷоъи меҳанамон! Ононе, ки бо имон ва фидокорӣ дар муқобили мушкилот истодаанд! Имруз душманони қасамхурдаи ислом сарсахтона мекушанд то чодари иффат ва иззати туро аз сарат бардоранд. Зеро онҳо аз ҳиҷоби ту метарсанд ва медонанд, то ҳиҷоби ту ҳаст наметавонанд барномаҳои шуми худро амалӣ созанд. Аммо ин душманон, ки монанди мор ҳар вақт пусти худро иваз мекунанд ором намешинанд.
Ин рисола иборат аст аз: Имон овардан ба Аллоҳ Таоло ва ба фариштагон ва ба китобҳои У Таоло ва ба тамоми паёмбарон ва ба рузи қиёмат ва ба тақдири неки ва бади.
Матолиби бисёр нишондодаи имруза
Изофаҳои охирин
Go to the Top